Пайвандҳои дастрасӣ

Каримов тавофуқи кишвараш бо Амрикоро тавсиф кард


Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов имрӯз гуфт, ин кишвар транзити молу колоҳои ғайринизомии Амрико ба Афғонистонро тавассути қаламраваш иҷозат додааст. Каримов дар нишасти бо ҳамтои туркманаш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов муштараки хабарӣ дар Тошканд аҳамияти ин қарордодро “хеле бузург” номид, вале гуфт, ки онҳо, бар асоси қавонини Узбакистон, танҳо транзити колоҳои ғайринизомӣ ба Афғонистонро иҷозатдодаанд. Масъалаи истифодаи ҳарими ҳавоӣ ва қаламрави Афғонистон ба хотири ҳамлу нақли молу колои лозим барои таъмини нирӯҳои Амрико дар Афғонистон ҳафтаи гузашта зимни дидори генерал Девид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико, аз Тошканд баррасӣ шуд. Тошканд соли 2005, дар пайи интиқоди шадиди байналмилалӣ аз саркӯбии тазоҳуроти эътирозӣ дар Андиҷон, пойгоҳи ҳавоии Амрико дар минтақаи Хонободи вилояти Қаршии Узбакистонро баст.
XS
SM
MD
LG