Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони молӣ метавонад то 2010 идома кунад


Раиси бонки марказии Амрико Бен Бернанке
Раиси бонки марказии Амрико Бен Бернанке

Раиси бонки марказии Амрико Бен Бернанке ҳушдор дод, ки гумон аст, бӯҳрони иқтисодӣ соли равон хотима ёбад.

Бернанке зимни суханронӣ дар кумитаи бонкии Сенат гуфт, “агар он гомҳое ки маъмуриятӣ Обама, Конгресси кишвар ва Бонки марказӣ барои ба эътидол овардани вазъи молӣ бардоштаанд комёб шаванд, танҳо дар ин сурат, аз дидгоҳи ман , интизори воқеӣ вуҷуд дорад, ки поинравии феълӣ соли 2009 ба итмом мерасад ва соли 2010 соли эҳёи иқтисод хоҳад шуд”.

Бернанке ҳадс зад, ки шояд поинравии иқтисод ҳамин сол хотима ёбад. Ӯ афзуд, ки ҳукумат ҳадафи миллӣ кардани бонкҳоро надорад. Ин изҳорот дар бозорҳои саҳомӣ ҳамчун хушхабар истиқбол шуд ва дар вокӯниш ба он шохиси “Доу Ҷонс”, ки қабл аз ин дар пасттарин сатҳ аз соли 1997 қарор дошт, якбора 3 дарсад боло рафт. Дигар шохисҳои муҳими саҳомии Амрико дар маҷмӯъ тақрибан 4 фоиз афзуданд.

Дар гузоришаш ба кумитаи Сенат Раиси Бонки марказӣ пешгӯӣ кард, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли 2009 шояд поинравии иқтисод идома ёбад ва аммо бо вуҷуди ин интизороти воқеӣ низ мавҷуд аст, ки то поёни соли равон ин раванд қатъ хоҳад шуд. Бернанке ҳушдор дод, ки барои эҳёи иқтисод бозори вомҳо ва бозори молӣ бояд ба таври маъмулӣ фаъолият кунанд.

Дар кӯшиши эҳёи иқтисод раисҷумҳури Амрико Барак Обама ба тозагӣ тарҳи 787 миллиард долларии наҷотӣ иқтисоди кишварро имзо кард ва Бонки марказӣ қимати баҳраи бонкиро бесобиқа коҳиш дод, ки айни ҳол он тақрибан ба сифр баробар аст.
XS
SM
MD
LG