Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин меҳмони Обама дар Кохи Сафед


Таро Асо, сарвазири Ҷопон

Таро Асо, сарвазири Ҷопон

Таро Асо, сарвазири Ҷопон, нахустин раҳбари хориҷист, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ӯро дар Кохи Сафед ба ҳузур пазируфт.

Обама инро чун нишонаи равобити қавии ду кишвар арзёбӣ кард ва гуфт, “сарвазири Ҷопон нахустин сарвари кишвари хориҷист, ки ман дар дафтари худ пазироӣ мекунам. Фикр мекунам, ин баёнгари равобити мустаҳками Иёлоти Муттаҳида ва Ҷопон аст. Иттиҳоди мо пояи аслии амният дар шарқи Осиёст”.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Барак Обама ба Таро Асо бештар сари мавзӯъи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ тамаркуз карданд. Сарвазири Ҷопон гуфт, ки Токио ва Вошингтон барои рафъи ин бӯҳрон бояд дар якҷоягӣ талош варзанд: “Мо бояд бо мушкилоти фаровон рӯ ба рӯ истода муқовимат кунем. Мо иқтисодҳои аввалу дуввуми олам аз рӯи ҳаҷми тавлид маҳсуб мешавем. Ба мо зарур аст, ки ҳамроҳ кор кунем ва ман чунин мешуморам, мо танҳо ду кишвари ба таври зарурӣ нерумандем, ки тавони ҳалли масоили барои ҳама олам ҳаётан муҳимро дорем”.

Сафари расмии Таро Асо ба Вошингтон ба дунболи сафари Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба Токио сурат гирифт.Ба навиштаи хабаргузориҳо, Ҷопон аз он нигарон буд, ки солҳои ахир муносиботи миёни ду кишвар андаке ба сардӣ гароида буд. Аз ҷумла, Токио аз тасмими ИМА барои аз феҳристи кишварҳои пуштибони терроризм хориҷ кардани Кореяи Шимолӣ интиқод карда буд. Ҳамзамон Ҷопон аз афзоиши нуфузи Чин дар минтақа сахт нигарон аст.

Дар мулоқоти Обама ва Асо дар Кохи Сафед мавзӯъи кумаки Ҷопон ба эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон ҳам баррасӣ шуд. Рӯзи сешанбе намояндаи вазорати умури хориҷаи Ҷопон гуфта буд, ки кишвараш омода аст атйи ним сол маоши 80 ҳазор кормандони полиси афғонро пардохт кунад ва ҳамчунин барои бунёди мактабу бемористонҳо маблағи зарурӣ тахсис диҳад. Соли 2002-юм Ҷопон ваъда карда буд, ки барои эҳёи Афғонистон 2 миллиард доллар ҷудо мекунад.
XS
SM
MD
LG