Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҷумаи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ бо забони қипчоқӣ мутааллиқ ба асри 16, ки мавриди таваҷҷӯҳи олимони қазоқ қарор гирифт, ягона нусхаи нодир дар ҷаҳон унвон мешавад.

Ин нусхаи «Шоҳнома», ки ҳоли ҳозир дар Институти ховаршиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст, аз ҷониби Саид Шариф ном шахс дар Миср ҳануз 5 аср қабл аз форсӣ ба қипчоқӣ баргардонӣ шудааст.

Амрияздон Алимардонов, мудири шӯъбаи институти мазкур мегӯяд, чи тавр ва ки бо кадом роҳ ин «Шоҳнома»-и тарҷумашударо аз Миср ба Тоҷикистон овардааст ва он чи сон дар қатори дигар мероси хаттӣ ҷой гирифтааст, ҳануз муаммост. Аммо, ба эътиқоди ӯ, тарҷумаи «Шоҳнома» бо забони классикии қипчоқӣ назир надорад. Вай мегӯяд, зимни як ҳамоиш дар Қазоқистон бархе порчаҳои видеоии он намоиш дода шуд, ки пас аз он қазоқҳо тасмим гирифтанд, то онро аз сари нав нашр кунанд.

Ҷаноби Амрияздон инчунин гуфт, «ин китоб аз ду ҷилд иборат буда, бо хати зебои настаълиқи хоно иншо шудааст. Инҷониб, ки бо забони туркӣ он қадар балад нестам, наметавонам шахсан аз номи худ дар бораи китоб ҳарф занам. Аммо таваҷҷӯҳи зиёде, ки бародарони қазоқ доранд, аз бузургии тарҷумаи он шаҳодат медихад».

Манбаъи мазкур инчунин афзуд, муҳимияти ин асар дар он аст, ки ба қавли олимони қазоқ, он бо забони тозаи классикии қипчоқӣ тарҷума шудааст, ки қазоқону узбакҳо ва соири ақвоми туркзабон метавонанд, аз он барои ғанӣ шудани забони модарии хеш истифода кунанд. Вай мегӯяд, тарҷумаи ин шоҳасар аз он гувоҳ медиҳад, ки мардумони ғайриэронӣ ба он хеле барвақт таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд. Ҳарчанд, ки то ба ҳол бархе чунин ақида доранд, ки тарҷумаи пурраи «Шоҳнома» бо забонҳои дигар аз асри 17 ва 18 шурӯъ шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол Зафар Мирзоён, шоҳномашиноси тоҷик, мегӯяд, мутаассифона, ҳар ақвоми ғайр аз дидгоҳи миллии хеш ва ба манофеи миллии худ «Шоҳнома»-ро тарҷумаву тафсир кардаанд. Мирзоиён мегӯяд, шояд аз ин дидгоҳ аст, ки халқҳои дигар низ фарзандони худро то ҳанӯз Рустаму Суҳроб ва дигар номҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-ро номгузорӣ мекунанд.

Мирзоиён бар ин бовар аст, ки «Шоҳнома» бо забонҳои ғайриэронӣ наметавонист тарҷумаву нашр нашавад. Зеро ин «Қуръон»-и мардуми ориёнажод дар адабиёти ҷаҳонӣ ҳамто надорад. «Шоҳнома» саросар дасри ахлоқ аст, саросар дарс барои дифоъ аз меҳани ҳар як инсон аст. Бад ин хотир ҳар миллате, ки ин асарро бо забони худ баргардонӣ намудааст, кӯшидаанд, то ба барои дифоъ аз меҳани худ созгор бошад. «Шоҳнома» ҳаст, ки имрӯз як тотор ё як турке, ки ҳатто дар ин шоҳасар интиқод шунидааст, худро бо ифтихор Рустам меномад. «Шоҳнома» мояи ифтихори мост, ки ҳатто турку тозӣ аз он пайравӣ менамоянд».

Оқои Мирзоиён инчунин мегӯяд, ҳарчанд ба нусхаи «Шоҳнома»-и мазкур шинос нест, аммо муътақид аст, ки он ҳатман бо тағйир тарҷума шудааст. Бад он хотир, ки «Шоҳнома» аз замони иншо шудан то ба ҳол ба хотири нобуд нашудан ва созгор бо сиёсатҳои замон борҳо ба чунин тағйиротҳо дучор шудааст, ки гоҳо ин тағйиротҳо душманона ва гоҳо дӯстона сурат гирифтаанд.

Устод Мирзоён мегӯяд, «бинобар сабабе, ки дӯстони Ҳакими Тус, дӯстдорони ин таъриху ин миллату ин забон намехостанд, ки шоҳасар аз байн бурда шавад, бисёр тағйиротҳо дар «Шоҳнома»-и асил ворид менамуданд».

Феълан масъулини Институти Ховаршиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон омодаанд, то ин «Шоҳнома»-ро дар шакли нусхабардоришуда ба қазоқҳо барои нашр бидиҳанд. Инчунин масъулин мегӯянд, ҷониби фарҳангиёни эронӣ дар Остона изҳор доштаанд, ки ба нашри ин «Шоҳнома»-и беназир ба қазоқҳо кумак хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG