Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Амрико аз бӯҳрон нерӯмандтар берун мешавад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар назди вакилони ҳарду палатаи Конгресси ИМА дар мавзӯъи вазъи иқтисодии кишвар суханронӣ кард. Ин нахустин суханронии Обама ба ҳайси президенти кишвар дар нишасти муштараки палатаҳои Конгресс буд. Вакилони Конгресс аз раисиҷумҳур хуш истиқбол карданд ва Барак Обама чанд лаҳзаи аввал зери кафкӯбиҳо, ба ҷуз изҳори миннатдорӣ, дигар имкони сухангӯӣ надошт. Барак Обама изҳори умедворӣ намуд, ки Амрико аз бӯҳрони иқтисодӣ берун шуда ба кишвари аз собиқа нерумандтар табдил хоҳад ёфт.

Аз ин пеш Раиси бонки марказии Амрико Бен Бернанке дар кумитаи бонкии Сенат изҳор карда буд, ки дар сурати комёб шудани талошҳои ҳукумат барои эҳёи иқтисод ИМА ҳамин сол аз бӯҳрони иқтисодӣ берун хоҳад шуд. Чанд рӯз қабл Барак Обама тарҳи 787 миллиард доллараи наҷоти иқтисоди кишварро имзо карда буд.

XS
SM
MD
LG