Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мӯҳлати хуруҷи воҳидҳои ҷангии ИМА рушан шуд


Воҳидҳои ҷангии нерӯҳои амрикоӣ тайи 19 моҳи оянда Ироқро тарк хоҳанд гуфт. Хабаргузории Associated Press бо такя ба кормандони Кохи Сафед иттилоъ медиҳад, ки изҳороти раисиҷумҳур Барак Обама дар ин бора дар наздиктарин фурсат пахш хоҳад шуд. Айни ҳол дар Ироқ 142 ҳазор низомиёни амрикоӣ мустақаранд. Баъди хуруҷи воҳидҳои ҷангӣ, дар Ироқ тақрибан 50 ҳазор афсару сарбози ИМА боқӣ хоҳанд монд, ки таълиму тамрини низомиёни ироқиро идома медиҳанд.Кулли низомиёни амрикоӣ, тибқи созиш миёни Вошингтон ва Бағдод, то охири соли 2011 аз Ироқ берун карда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG