Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бернанке ба хатми бӯҳрони иқтисодӣ хушбин аст


Раиси Бонки марказии Амрико Бен Бернанке зимни суханронӣ дар кумитаи бонкии Сенати ИМА ҳушдор дод, агар чораҳои фарогири ҳукумат ба эҳёи иқтисоди кишвар комёб нашаванд, гумон аст, ки бӯҳрони иқтисодӣ соли равон хотима ёбад. Ва аммо ба ҳар ҳол, ба гуфтаи ӯ, онҳо хатми пойинравии иқтисодро то охири соли равон чашмдоранд.
Бернанке афзуд, ки ҳукумат ҳадафи миллӣ кардани бонкҳоро надорад. Ин изҳорот аз сӯи бозорҳои саҳҳомӣ хуш истиқбол шуд ва шохиси Доу Ҷонс, ки қабл аз ин дар пастарин сатҳаш аз соли 1997 қарор дошт, якбора 3 дар сад боло рафт. Чанд рӯз пеш раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тарҳи 787 миллиард доллараи наҷоти иқтисоди кишварро имзо карда буд.

XS
SM
MD
LG