Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ду корманди полис ба низомиёни амрикоӣ


Ҳайати фармондеҳии ИМА хабар дод, ки ду корманди полиси Ироқ дар як постгоҳ дар шаҳри Мосул, воқеъ дар шимоли кишвар, сӯи низомиёни амрикоӣ оташ кушоданд. Бар асари ин ҳамла як сарбози амрикоӣ ва тарҷумони ироқӣ кушта шуда, се низомии дигар ҷароҳат бардоштанд. Намояндаи полиси Ироқ генерал Саид Аҳмад ал-Ҷубурӣ тайид кард, ки ин ҳодиса дар вилояти Найнаво дар постгоҳе рух додааст, ки дифоъ аз купрукҳоро бар ӯҳда дорад. Ӯ афзуд, ки ҳамлагарон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG