Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белград аз Сандуқи байнулмилали пул кумак мехоҳад


Сербия аз Сандуқи байнулмилалии пул хостори 2 миллиард доллар қарзи иловагӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи сарвазири кишвар Мирко Светкович, ин маблағ асосан барои нигаҳ доштани қурби пули миллӣ сарф хоҳад шуд. Соли гузашта Белград ва Сандуқи байнулмилалии пул дар мавриди қарзи 520 миллион долларӣ ба созиш расида буданд ва аммо бо жарфтар шудани бӯҳрон нигарониҳое ба миён омаданд, ки ин маблағ барои эътидоли вазъи иқтисодӣ кофӣ нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG