Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон бо Қурайшӣ ва Спанто мулоқот мекунад


Вазирони умури хориҷаи Покистон ва Афғонистон имрӯз гуфтанд, ки равобити миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, "ба сатҳи нави эътимод расидааст". Раҳбари идораи сиёсати берунаи Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва ҳамтои афғони ӯ Рангин Додфар Спанто бо даъвати Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА ва ба хотири ширкат дар баррасиии стратегияи нави Амрико дар робита ба мубориза бо ифротгароӣ дар Афғонистон ва Покистон вориди Вошингтон шуданд. Хонум Клинтон ин мавзӯъро рӯзи чаҳоршанбе бо ҳамтои покистонияш Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва як рӯз баъд бо вазири умури хориҷаи Афғонистон Рангин Додфар Спанто матраҳ хоҳад кард. Ҳамчунин музокироти сеҷонибаи вазирони умури хориҷаи ИМА, Покистон ва Афғонистон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG