Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти кишварҳои бӯҳронзада ба дасти кист?


Баъд аз тасвиби барномаҳои танзими молии Амрико кишварҳои дигари санъатии ҷаҳон, аз қабили Бритониёву Олмон ва Фаронса барои раҳоӣ аз бӯҳрони саросарии молӣ маблағҳои ҳангуфтеро дар назар гирифтаанд.

Аммо кишварҳои дигаре аз қабили Укроину Латвия низ ҳастанд, ки бояд барои дарёфти қарз ба Сандуқи Байналмиллалии Пул муроҷеъа кунанд. Тафовути аслӣ миёни Укроину Латвия ва кишварҳои пешрафтаи санъатии Ғарб ин аст, ки кишварҳои Ғарбӣ тавоноии пардохти қарзҳои рӯзафзуни худро доранд.

Укроину Латвия ба андозае аз хориҷ қарз гирифтаанд, ки барои сармоягузории бештар гирифтани боз ҳам қарз мушкилро осон намекунад. Сармоягузорони хориҷӣ дигар наметавонанд қарзҳои ҳукуматии онҳоро бихаранд.

Аз сӯи дигар чопи пули бештар сабаби таварруми беш аз меъёри пул мешавад. Ба ҳамин далел онҳо наметавонанд барномаҳои
Укроин дар вазъе нест, ки мисли Амрико барномаи дақиқи танзим таҳия кунад...
густардаи танзими молиро пиёда кунанд ва роҳи ягона ҳамкорӣ бо Сандуқи Байналмиллалии Пул боқӣ мемонад. Дэвид Ҳовлӣ-сухангӯи ин муассисаи молии ҷаҳон дар Вошигтон дар ин бора чунин мегӯяд:

"Аслан тафовут вуҷуд дорад байни кишварҳое, ки метавонанд қарзи изофӣ бигиранд, яъне кишварҳое, ки бозорро дар шароити касри бештари будҷа метавонанд зери назорат бошанд ва кишварҳое, ки барои гирифтани қарз сарчашма надоранд, ё ба пардохти нархи гарони боздеҳи қарз дучор мешаванд, ё аз ҳоло зери бори гарони қарз қарор доранд".

Дэвид Ҳовлӣ меафзояд, Сандуқи Байналмиллалии Пул ба кишварҳое, ки барномаҳои танзими молии худро тақвият медиҳад, метавонад аз ду роҳ кӯмак кунад: Яке ин, ки барои таъмини суботи пули миллии онҳо қарзҳои муваққатӣ медиҳад ва дуввум, дар ихтиёри онҳо машваратҳои заруриро қарор медиҳад, то онҳо зудтар аз бӯҳрон раҳо шаванд.

Ба чунин машваратҳо коҳиши масориф дар бахшҳои иҷтимоъӣ, боло бурдани молиёт ё андоз ва танзими масорифи даромаду масорифи будҷа аст. Ҳадаф аз чунин тадобир ин аст, ки чунин кишварҳо дар сурати қатъи сармоягузориҳои Сандуқи Байналмиллалии Пул битавонанд дубора барои сармоягузорони хориҷӣ ба кишварҳои қобили таваҷҷуҳ табдил ёбанд. Масалан, Дэвид Ҳовлӣ дар мавриди Укроин чунин мегӯяд:

"Укроин дар вазъе нест, ки мсли Амрико барномаи дақиқи танзим таҳия кунад. Укроин ба кӯмаки дигарон ниёз дорад, то аз душвориҳои худ раҳо ёбад. Ин ба он маъност, ки барои тамвили будҷа каме аз ҳисоби худ, каме аз хориҷа ва каме аз Сандуқи Байналмиллалии Пул маблағ мегирад".

Иқтисоддонон бими онро доранд, ки мисли Укроину Латвия кишварҳои дигар низ ҳастанд ва чунин кишварҳо мунтазиранд, ки онҳоро наҷот диҳанд.

Бо назардошти чунин вазъ 22-юми феврал раҳбарони Бритониё, Фаронса, Олмон ва Итолиё ба Сандуқи Байналмиллалии Пул пешниҳод карданд, ки бояд захираҳои худро ду баробар афзоиш диҳад ва ба 500 миллиард доллар расонад, то дар шароити бӯҳрони молӣ ба кишварҳои ниёзманд кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG