Пайвандҳои дастрасӣ

Алюмин ё тугма? Пешниҳоди СММ ба Тоҷикистон


Корхонаи алюмини тоҷик -- Талко.

Корхонаи алюмини тоҷик -- Талко.

Ин созмони байналмилалӣ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки дар шароити бӯҳрони молиявӣ кишварҳои камбизоат аз поин рафтани қимати ашёи хом дар бозори ҷаҳонӣ зарари ҷиддӣ мебинанд ва беҳтар аст, дар ин шароит ба тавлиди молҳои саноатӣ машғул бишаванд.

Таҳлилгарони Барномаи рушди саноати СММ мегӯянд, чунин кишварҳои ба ҷои судури ашёи хом ҳатто агар тугма тавлид кунанд, суди
Тавлиди ҳатто тугма аз судури алюмин дида даромади бештар хоҳад овард...
он бештар аз фурӯши ашёи хом ба хориҷа аст. Ба гуфтаи онҳо, аз сӯи дигар ин ба коҳиши мизони фақр дар кишварҳои бенаво мусоидат хоҳад кард.

Пешниҳоди Барномаи рушди саноати СММ ба кишварҳои камбизоат дар ҳолест, ки қимати ашёи аслии содироти Тоҷикистон - алюмину пахта, ки дар шакли хом ба беруни кишвар бароварда мешаванд, дар бозори ҷаҳони 50% поин рафта, мақомоти ин кишвар намедонанд бо пахтаю алюмин чӣ кор бикунанд. Манобеъи расмӣ мегуянд, ки алъон, ҳукумат ҳеҷ гуна тадбир дар мавриди содироти пахтаву алюмин наандешидааст, ҳарчанд аз тавлидоти онҳо даст накашидааст. Ва ҳамчунин феълан ҳукумат нақшаи қатъи тавлиди алюмин ва пунба парвариро дар даст надорад.

Мунаввар Латифов, ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, 80 дарсади ашёи содиротии Тоҷикистонро пахтаву алюмин ташкил медиҳад ва давлат барои солҳои оянда, барномаҳоеро роҳандозӣ мекунад, ки тибқи онҳо қисми аъзами пахтаву алюмин дар дохили Тоҷикистон коркард шавад.

Масъулони воҳидҳои кишоварзӣ мегӯянд, агар воҳидҳои кишоварзиии Тоҷикистон пахтаашонро бо нархи арзон бифурӯшанд, наметавонанд, ҳатто хароҷоти тавлиди онро бипӯшонанд. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, маҳз ба далели худдорӣ аз фурӯши пахта, воҳидҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 180 миллион доллар қарзе, ки соли гузашта аз бонкҳои Тоҷикистон гирифтаанд, танҳо 30 дарсадашро баргардонидаанд.

Коршиносон мегӯянд, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ то панҷ соли наздик идома мекунад ва давлат бояд муайян кунад, ки минбаъд бо пахтаву алюмин чӣ хоҳад кард: ба хориҷа мебарорад ё аз тавлидоти онҳо, ки дар шароити бӯҳрони молиявӣ суди ночиз медиҳанд, даст мекашад.

Нуриддин Қаюмов раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти меҳтари Тоҷикистон мегӯяд, ягона роҳ барои давлат дар шароити феълӣ ин коҳиши камтарин мизони харҷи тавлидии пахтаву алюмин ва дар оянда ба роҳ мондани коркарди онҳо дар дохили Тоҷикистон аст.

Коршиносон мегӯянд, агар давлати Тоҷикистон дар робита ба содироти пахтаву алюмин аз тадобири дуруст кор нагирад, имкон дорад, корхонаҳои тавлиди онҳо хисороти ҷиддӣ бубинанд. Ин осеб метавонад, вазъи бахши пунбапарварии кишварро, ки ба қарзи 600-миллиондоллара гирифтор аст, бӯҳронитар аз пешина кунад.
XS
SM
MD
LG