Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳизби Қазоқистон истеъфои ҳукуматро хост


Алихон Байменов, раиси Ҳизби демократии "Ақжол"-и Қазоқистон.
Алихон Байменов, раиси Ҳизби демократии "Ақжол"-и Қазоқистон.

Боз як созмони сиёсии Қазоқистон -- Ҳизби демократии «Ақжол» низ хостори истеъфои ҳукумат ва ташкили ҳукумати эътимоди миллӣ ва ҳамчунин пароканда кардани Маҷлис, яъне порлумони якҳизбии «Нуротан» шуд.

Дар ҷаласаи раёсати Шӯрои марказии ҳизб чунин талаб ба миён гузошта шуд. Раиси ҳизб Алихон Байменов таъкид кард, ки ҳукумати кишвар сабабгори ба миён омадани вазъи бӯҳронӣ дар Қазоқистон гардид ва он бояд ба истеъфо равад. Вай гуфт, дар кишвар ашхоси лоиқи сарварии ҳукумат кам нестанд ва ононро бояд ба ҳукумат ҷалб кард.

Раиси Ҳизби демократии «Ақжол» афзуд, «Мухтор Аблязов , ки ҳоло дар хориҷа аст, ба андешаи мо, дар таърихи Қазоқистон яке аз вазирони кордон ва арзанда аст. Ман ҳама нахуствазирҳоро, ки қаблан кор мекарданду алъон фаъолият доранд, хеле хуб медонам. Вале шахсияти сиёсӣ бояд босалоҳият ва фаъолияташ шаффоф бошад ва мустақилона тасмим гирифта тавонад. Аммо алъон ҳамаи онҳо ба боло нигоҳ мекунанд ва интизори фармони дигаронанд. Ман албатта, чунин намегӯям, ки дар байни онон шахсони доно нестанд. Вале фаъолияти ҳамаи ононро ду омил ба ҳеч мебарад. Нахуст адами мустақилӣ дар фаъолият ва интизори супориши касе будан ва сониян онҳо ба баъзе гурӯҳҳо иртибот доранд».

Аз ин хотир ҳизби «Ақжол» зарурати истеъфои ҳукумати Карим Масимов ва ташкили ҳукумати муваққатии эътилофии эътимоди миллиро бо ҷалби ашхоси варзидаи кишвар ба миён гузошт. Дар қатъномаи ҳизб ҳамчунин қабули қонуни нави интихобот, аҳзоби сиёсӣ ва қонун дар бораи расонаҳои хабарӣ, пароканда кардани порлумон ва доир кардани интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ талаб карда шудааст. Зеро, тавре дар қатънома омадааст, тағйироту иловаҳо ба қонунҳои интихобот, аҳзоби сиёсӣ ва расонаҳои хабарӣ, ки он аз ҷониби раиси ҷумҳур имзо шудааст, ҷавобгӯи меёрҳои созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва тавсияҳои комисиюни давлатӣ набуда, ба ваъдаҳои қаблан додаи ҳокимият мутобиқат намекунанд.

Дар шароити кунунӣ бо назардошти дар кишвар адами мавҷудияти имкони доир кардани интихоботи озоду мунсифона ҳизби «Ақжол» тасмим гирифт, ки ҳама намояндагони хешро аз қитъаҳои интихоботии гуногун бозхост карда, интихоботи депутатҳоро ба маслиҳат ва ё шӯроҳои маҳаллӣ, ки ба рӯзи 29 март эълон шудааст, таҳрим кунад. Ҳамчунин Ҳизб тасмим гирифт, ки ёддошти ҳусни тафоҳуми аз ҷониби ҳизби ҳокими «Нуротан» пешниҳод гардидаро имзо накунад ва худи ҳизб чунин ёддошти алтернативиро омода намуда, ҷиҳати ҳосил кардани тавофуқ ба аҳзоби дигари демократии кишвар ирсол намуд.

Ёдовар мешавем, ки беш аз моҳе қабл 7 ҳизби сиёсии кишвар ба шумули Ҳизби демократии «Ақжол» бо қабули қатъномае аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки дар кишвар тартиби созмондиҳии комисиюни интихоботӣ чун пештара боқӣ монда, манъи созмондиҳии эътилофҳо дар интихобот лағв нагардидааст ва садди 7 дарсада ҷиҳати намояндагӣ дар порлумонро низ поин карданӣ нестанд ва дар интихобот ҳангоми роҳандозии таблиғот ҳама шароити баробар надоранду ҳамоно фишангҳои истифодаи тақаллубу тахаллуф дар интихобот мавҷуданд .

Аз ин хотир аҳзоб тасмим гирифта буданд, ки дар ҳолати боқӣ мондани чунин вазъ дар ягон интихоботи кишвар ширкат намекунанд ва ҳама гуна интихоботро таҳрим хоҳанд кард. Вале он талаби аҳзоб аз ҷониби ҳокимият дастгирӣ наёфт ва Нурсултон Назарбоев иловаҳо ба қонуни нитихобот, аҳзоби сиёсӣ ва расонаҳои хабариро, ки ба таъкиди ағлаби аҳзоби сиёсии кишвар пур аз камбудиҳо буд, ба имзо расонд.
XS
SM
MD
LG