Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Ёрии Амрико ва ИА дар Моварои Денестр зарур нест


Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия пешниҳод кард, барои ҳали муноқиша дар минтақаи ҷудоихоҳи Моварои Денестр, ки аз сиёсати Маскав ҳимоят мекунад, бояд музокироти мустақим ва бидуни ширкати Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо анҷом бигирад. Вай ин нуктаро дар ҷараёни боздиди якрӯзаи худ аз Кишинёв-пойтахти Молдова изҳор дошт. Вай гуфт, дар ин музокироти мустақим Русия метавонад подармиёнӣ кунад. Муноқишаи Моварои Денестр 17 соли пеш шурӯъ шуда буд ва барои ҳали мубоҳисот Русияву Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, САҲА ва мақомоти расмӣ аз Молдоваву минтақаи Моварои Денестр ширкат мекунанд. Минтақаи Моварои Денестр соли 1990 истиқлоли худро аз Модова эълон кард, вале маҳофили байналмиллалӣ ин истиқлолро ба расмият нашинохтаанд.

XS
SM
MD
LG