Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куриёи Шимолӣ ба партоби моҳвора омодагӣ мегирад


Куриёи Шимолӣ мегӯяд ба партоби як моҳвора омодагӣ мегирад. Хабаргузории марказии ин кишвар гуфтааст, барои партоби рокети моҳворабар омодагии ҳамаҷониба идома дорад ва ин рокет моҳвораи мухобиротиро ба мадори замин интиқол медиҳад. Ин хабар аз тариқи телевизюн ин гуна пахш шуд:

"Омодагӣ ба партоби Квангмиёнгсонги- 2 моҳвораи озмоишии мухобиротӣ идома дорад, ки онро рокети моҳворабари Уҳра 2 ба мадор интиқол медиҳад ва он дар роҳ ба сӯи майдони кайҳонии Тонғае воқеъ дар вилояти шимолии Ҳамёнг мебошад"

Дар ин хабар дар бораи замони партоби ин моҳвора чизе гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG