Пайвандҳои дастрасӣ

Бердимуҳаммадов дар Тошканд бо Каримов вомехӯрад


Имрӯз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон барои баррасии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбакистон вориди Тошканд шуд. Дар давраи раёсати ҷумҳурии Сафармурод Ниёзов-раиси ҷумҳури фақиди Туркманистон муносиботи миёни ин ду кишвар гаҳ гоҳе ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешуд. Аммо баъд аз омадани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бар сари қудрат дар соли 2007 муносиботи ин ду кишвар то андозае беҳбуд ёфт. Музокироти ҳар ду раиси ҷумҳур барои рӯзи чҳоршанбе дар назар гирифта шудааст. Дар ҷараёни ин боздид Бердимуҳаммадов дар як ҷашнвораи фарҳангӣ ва дар маросими гушоиши сафоратхонаи нави Туркманистон дар Тошканд ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG