Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон ва Медведев ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Русия идома дорад. Вай бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар Маскав мулоқот ва масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз барои боздиди корӣ ва мулоқот бо раҳбарони Русия вориди Маскав шуд. Дар ин боздид раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ҳайати бузурги ҳукуматии ин кишвар ҳамроҳӣ мекунад. Қабл аз оғози музокирот бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзноманигорон чунин гуфт:

"Бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодӣ гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар 18 соли ахир бори аввал ба 1 миллиард доллар расид ва ин нишон медиҳад, ки барои тавсеъаи ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодиидуҷониба шароит фароҳам аст".

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев масоили захоири обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳузури муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ аз масоили аслӣ ба шумор меравад. Дар ҷараёни ин боздид ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин қарордодҳои ҳамкории дуҷонибаро бозбинӣ мекунанд. Ин қарордодҳо моҳи октябри соли 2004 дар ҷараёни боздиди Влодимир Путин-раиси ҷумҳури вақти Русия аз Тоҷикистон имзо шуда буд. Пагоҳ боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Русия идома мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG