Пайвандҳои дастрасӣ

ИА дар интихобот ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад


Имрӯз дар Душанбе Томас Маркерт -муовини дабири иҷроии Кумиссиюни Венеция дар Иттиҳодияи Аврупо зимни дидори худ бо Мирзоалӣ Болтуев-раиси Кумиссиюни марказии интихоботӣ ва райпурсии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Иттиҳодияи Аврупо дар баргузории интихоботи шаффофу демократӣ дар Тоҷикистон кӯмак мекунад. Дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон Томас Маркертро аз омодагии кишвараш ба интихоботи порламонии соли 2010 мутталеъ сохт. Боздиди намояндаи кумиссиюни Венеция аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши авлавияти қонун анҷом мегирад.

XS
SM
MD
LG