Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Дмитрий Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон


Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон ҳини мулоқот дар шаҳраки Завидовои вилояти Твер, 24-уми феврал

Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон ҳини мулоқот дар шаҳраки Завидовои вилояти Твер, 24-уми феврал

Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки сафари давлатӣ ба Русия анҷом диҳад.

Раисҷумҳури Русия дар оғози мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон иброз дошт, ки омодааст дар гуфтугӯи имрӯза тамоми масоили ҳамкории миёни ду кишвар ва дурнамои онро баҳсу баррасӣ кунад.

Вай гуфт, ки «мушкилиҳо ҳамеша ба миён меоянд, вале мо бояд дар бораи он биандешем, ки чӣ гуна ҳамкориҳоро идома бидиҳем». Дмитрий Медведев афзуд, раҳбарони ҳарду кишварро мебояд дар бораи усули кори минбаъда бо тарҳҳои қаблан пешбинишудаи иқтисодӣ мавқеи худро муайян кунанд.

Дмитрий Медведев таъкид кард, ки «мебояд ҳамчунин дар мавриди баъзе масъалаҳои минтақавӣ низ табодули назар сурат бигирад».

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар навбати худ баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ба хусус масъалаи роҳандозии тавофуқоти қаблан ҳосилшударо зарурӣ хонд. Вай афзуд, «гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 1 миллиард долларро ташкил додааст, ки ин нишонаи имконоти васеъи ҷонибҳо барои ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, низомӣ ва энержӣ мебошад».

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро мушовири вай дар масоили сиёсӣ Эркин Раҳматулоев ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Гуфтушунид дар Завидово, қароргоҳи беруназшаҳрии раисҷумҳури Русия баргузор шуд.

Манобеъи кремлӣ хабар додаанд, ки президентҳои Русия ва Тоҷикистон ширкати Русия дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар заминаи муҳоҷирати корӣ ва низомӣ, ҳамчунин таъсиси бахшҳои донишгоҳҳои асосии Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард. Ба навиштаи манобеи кремлӣ, мисоли равшани ҳамкории судманди ду кишвар дар заминаи энержӣ пиёдасозии тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1 мебошад, ки баҳрагирии комил аз он дар моҳи марти соли равон барномарезӣ шудааст. Маблағи сармояи Русия дар ин тарҳ 700 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ширкати Русия дар дигар тарҳҳои ояндадори энержӣ дар Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар заминаи нафту газ ва саноеъи маъданӣ, масъалаҳои усулии ҳамкориҳои низомии Русияву Тоҷикистон, минҷумла масоили марбут ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, аз мавзуоти гуфтушуниди руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон хоҳад буд, - омадааст дар гузоришоти пешакии манобеъи кремлӣ.

Раисҷумҳури Тоҷикистон тайи як моҳи ахир бори дуввум аст, ки аз Маскав боздид анҷом медиҳад. Боздиди қаблӣ охири моҳи январ дар чаҳорчуби ширкат дар ҷаласаи Паймони амнияти муштарак анҷом ёфт. Боздиди кории ахири Эмомалӣ аз Маскав бо даъвати Дмитрий Медведов, раисҷумҳури Русия, сурат гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG