Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мемориал:Дар Ӯзбакистон ҳазорон нафар таъқиб шудаанд


Дар давоми солҳои гузашта дар Ӯзбакистон ҳазорон нафар қурбони фишору таъқиботи сиёсӣ шудаанд. Мемориал-гурӯҳи ҳуқуқи башари Русия дар як гузориши 293 сафҳаии худ навиштааст, ки дар давоми солҳои 2004-2008 дар Ӯзбакистон

1 452 нафар қурбони таъқиботи сиёсӣ шудаанд, ки дар миёни онҳо 30 нафар фаъолони ҳуқуқи башар, 14 нафар аъзои гуруҳҳои мухолифони демократӣ, 18 рӯзноманигору нависанда ва бештар аз 20 нафар афроди муттаъаллиқ ба равияҳои ғайри маъмулии мазҳабӣ будаанд. Гурӯҳи Мемориал феҳристи афроди сиёсии таъқибшударо моҳи марти соли ҷорӣ ба нашр мерасонад. Ин гурӯҳи ҳуқуқи башар аз соли 1999 ба ин сӯ феҳристи чунин афрод дар Ӯзбакистонро ба табъ мерасонад ва то ҳол дар ин феҳрист номи 6 000 нафар гирдоварӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG