Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон дастмузи 80 000 пулиси Афғонистонро медиҳад


Дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои молӣ ба Афғонистон Ҷопон 6 моҳ дастмузди 80 000 корманди пулиси ин кишварро пардохт хоҳад кард. Мияко Ватанабе-мақоми расмии вазорати хориҷаи Ҷопон ҳамчунин изҳор дошт, ки Ҷопон дар Афғонистон 200 мактаб, 100 шифохона хоҳад сохт ва ҳазорон нафар муъаллимону пизишконро омӯзиш хоҳад дод. Ин тарҳҳо аз ҳисоби 520 миллион доллари боқимонда сармоягузорӣ мешавад, ки Токио барои бозсозии зербанои Афғонистон ваъда дода буд. Ҷопон аз 2 миллиард долларе, ки барои кӯмак ба Афғонистон ваъда дода буд, аз соли 2002 то ҳол 1 миллиарду 48 миллион доллар дар ин кишвар сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG