Пайвандҳои дастрасӣ

"Миллионер аз вайрона" 8 ҷоизаи Оскарро бурд


Хурсандии нақшбозони "Миллионер аз вайрона", ки касе аз онҳо ситораи синамо нест, ҳадду канор надошт

Хурсандии нақшбозони "Миллионер аз вайрона", ки касе аз онҳо ситораи синамо нест, ҳадду канор надошт

Номи филми “Миллионер аз вайрона” имрӯз беш аз номи ҳар филми дигар дар забонҳост, чун ҳашт ҷоизаи Оскарро соҳиб шуд.

Маънии дигари пирӯзии филми “Миллионер аз вайрона” чунин аст, ки дар ниҳоят Болливуд Ҳолливудро тасхир кард. Зуд-зуд иттифоқ намеафтад, ки як филми ба наворгирифта дар хароботи як кишвари хориҷӣ ҷоизаи Оскар дар бахши беҳтарин филми ҳунариро соҳиб шавад ва ҳам ҳафт ҷоизаи дигари Оскарро. Ҳоло шодмонии сокинони шаҳри Мумбайи Ҳинд, ки бахши зиёди филмро дар харобаҳои он ба навор бардоштаанд, ҳадду канор нест.

Ашки шодии нақшбозони филми "Миллонер аз вайрона" ҳини гирифтани ҷоизаи Оскар
Деннӣ Бойл, коргардони филми “Миллионер аз вайрона”, ҷоизаи беҳтарин коргардонро соҳиб шуд, ки фахрест барои ҳунармандон бепоён. Достоне, ки ӯ дар филмаш тасвир мекунад, достони як бачаи қашшоқи ҳиндист, ки барои пул ва ишқ дар як бозии телевизионӣ мусобиқа мекунад. Филми “Миллионер аз вайрона” ҳамчунин дар бахшҳои беҳтарин сенария, наворбардорӣ, садо, таҳрири филм ва беҳтарин мусиқӣ ҷоизаҳои Оскарро соҳиб шуд. Колсон, таҳиягари ин филм, мегӯяд, ҳарчанд дар он ягон ситора нақш иҷро накардааст, вале сенарияи филм дар дили ҳар хонандаи он ишқи маҷнунворро барангехтааст.


Албатта ҳайратовар нест, ки бозигарони ношиноси филми “Миллионер аз вайрона” ҷоизаҳои Оскар дар бахши ҳунарнамоиро соҳиб нашуданд. Дар ин бахш боз ҳамон ситораҳои Ҳолливуд дурахшиданд. Кейт Винсет, духтарие зебое, ки аз филми “Титаник” мешиносемаш, барои иҷрои нақши фавқуллода дар филми "Китобхон”, соҳиби ҷоизаи беҳтарин бозигари зан шуд. Дар ин филм Кейт Винсет нақши посбони зиндони фашистонро бозӣ мекунад, ки бо як ҷавони ноболиғ робита дорад.

Аз пирӯзии филми "Миллонер аз вайрона" дар тамоми Ҳиндустон шодиву хурсандӣ карданд

Шон Пен ситораи Ҳолливуд, ки аксар вақт нақши ҷавонони дурушт ва тавоноро иҷро мекунад, ин дафъа барои на чунин нақш, балки иҷрои нақши як сиёсатмадори ҳамҷинсгаро ҷоизаи беҳтарин бозигари мардро аз они худ кард. Пенелопа Круз, ҳунарпешаи испониёӣ, вале ситораи Ҳолливуд бо соҳиб шудан ба ҷоиза барои беҳтарин нақши дуввумдараҷа ҳамватанонашро хушҳол кард, ки то ҳол чунин ҷоиза насиби ҳунарманде аз кишварашон нашуда буд .

Ӯ дар филми “Викӣ Кристина Барселона» офаридаи коргардони шинохта Вудӣ Аллен нақш иҷро кардааст. Ба Ҳез Ледҷер, ҳунарманди ҷавонмарги австролиёӣ, барои иҷрои нақши кумакрасон дар филми “Диловари Сияҳпӯш” ҷоиза дар ҳамин бахшро сазовор дониста ва модараш Селлӣ Белл супурданд. Ҳез Ледҷер соли гузашта бар асари истифодаи беш аз ҳадди дору дар синни 29-солагӣ фавтид.
XS
SM
MD
LG