Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти «Парвоз» дар Ишқобод


Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Ҷоми президенти Туркманистон дар бозии даври дуввуми гурӯҳи «В» аз тими мизбон - «Ишқобод» - бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Голро дар оғози нимаи дуввуми дидор Руслан Мингазов ба самар расонд.

Понздаҳумин давраи ин мусобиқаи байнулмилалӣ дар пойтахти Туркманистон бо ширкати 8 даста дар 2 гурӯҳ ҷараён дорад.

Бозии дигари гурӯҳи «В» байни «Ганҷасар»-и Арманистон ва дастаи мунтахаби ҷавонони Баҳрайн бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид.

Дар ин гурӯҳ дастаи «Ишқобод», ки дар ду бозӣ 6 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷои аввал мебошад. Воқеъан, «Ишқобод» сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо «Ганҷасар» ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. «Ганҷасар» бо 2 имтиёз дар ҷои дуввум аст. «Парвоз» ва Баҳрайн, ки якимтиёзӣ доранд, 25-уми феврал муқобили ҳам мешаванд.
Бад-ин тартиб се дастаи ин гурӯҳ барои роҳхати дуввум талош хоҳанд кард.

Дар сабқати гурӯҳи «А» МТТУ-и Туркманистон бо 6 имтиёз пешсаф мебошад. Ин даста низ новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш 24-уми феврал бо «Сконто»-и Латвия ба нимфинал баромад. «Сконто» бо 4 имтиёз дуввум аст. «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон, ки имрӯз бо «Ҳиммат»-и Эрон рӯбарӯ хоҳад шуд, 1 имтиёз дорад. Вале «Ҳиммат» бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифтааст.

Даври ниманиҳоӣ 27-уми феврал барпо мешавад. Барандаи Ҷоми президенти Туркманистон 28-уми феврал муайян хоҳад шуд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб соҳиби Ҷоми президенти Туркманистон ва 20 ҳазор доллар мешавад. Ба дастае, ки ҷои дуввумро мегирад, 10 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки севум мешавад, бо 5 ҳазор доллар сарфароз мегардад.
XS
SM
MD
LG