Пайвандҳои дастрасӣ

Aeroflot Open: Натоиҷи бозиҳои шатранҷбозони тоҷик


Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов бозии 7-умашро дар ҷашнвораи байнулмилалии «Aeroflot Open-2009» дар шаҳри Маскав дар гурӯҳи асосии А1 бо Арташес Минисян (Арманистон) мусовӣ анҷом дод.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов, ки дар 1 бозӣ пирӯз шуда, 6 бозиро мусовӣ кардааст, дар ҳамин ҳол бо 4 имтиёз байни 78 нафар дар ҷои 18-ум қарор гирифтааст. Пешсафи ин сабқат Игор Курносов (Русия) 5,5 имтиёз ба даст овардааст. Ҳарифи Амонатов дар даври 8-ум Сергей Дячков (Русия) мебошад.

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Соҳиб Ҷӯраев бошад, дар сабқати А2 дар даври 7-ум аз Александр Карпатчеви рус мағлуб шуд. Соҳиб пас аз 7 давр 3 имтиёз дорад. Вай дар 3 бозӣ ғалаба карда, дар 4 дидор мағлуб шудааст. Дар ин гурӯҳ 84 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд. Соҳиб Ҷӯраев дар ҷои 65-ум аст. Меликсет Хачиян (ИМА) бо 5,5 имтиёз дар ҷои якум қарор дорад. Соҳиб Ҷӯраев дар даври 8-ум бо Ирина Круш (ИМА) рақобат хоҳад кард.

Шатранҷбози дигари тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар сабқати «В» дар даври 8-ум бозиро бо намояндаи Филиппин Ҳаридас Паскуа мусовӣ анҷом дод. Муҳаммадхоҷа бо 5 имтиёз байни 80 нафар дар ҷои 12-ум аст. Вай 4 ғалаба ба даст оварда, дар 2 бозӣ мағлуб шудааст ва 2 бозиро мусовӣ кардааст. Дар ин гурӯҳ Сергей Стрелников (Укроин) бо 6,5 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Ҳусейнхоҷаев дар даври 9-ум бо Станислав Шлегини рус бозӣ хоҳад кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG