Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи Иттиҳоди Аврупо барои ҳамсояҳои шарқӣ


Иттиҳодияи Аврупо ба Белорусия ҳушдор додааст, ки агар Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ба расмият шиносад, аз "Мушорикати шарқӣ" маҳрум хоҳад шуд

Иттиҳодияи Аврупо ба Белорусия ҳушдор додааст, ки агар Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ба расмият шиносад, аз "Мушорикати шарқӣ" маҳрум хоҳад шуд

Иттиҳодияи Аврупо як тарҳи нави ҳамкорӣ таҳти унвони "Мушорикати шарқӣ" барои ҳамсоякишваҳои шарқии худ пешниҳод кардааст.

Ибтикори Мушорикати шарқӣ аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ба ҳайси посух ба итминони афзоишёбандаи Русия ба нерӯи худ дар фазое, ки мақомдорони аврупоӣ онро “ҳамсоягии муштарак” мехонанд, арзёбӣ мешавад.

Масъули умури хориҷии Комиссиюни Аврупо Беннита Ферреро-Валднер гуфт, кашмакашиҳои охири Русия бо Гурҷистону Украина Иттиҳодияи Аврупоро маҷбур кард, ки ин гуна вокуниш нишон диҳад. Хонум Валднер мегӯяд, мо дар суботи сиёсӣ ва иқтисодии ҳамсояҳои шарқӣ манфиатдорем.

Мушорикати шарқӣ шаш кишвари ҳамсояи иттиҳодия Украина, Молдова, Гурҷистон, Арманистон, Озарбайҷон ва эҳтимолан Белорусияро дар бар мегирад. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех Карел Шварсенберг ҳангоми суханронӣ ба ҳайси намояндаи кишваре, ки раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро ба зимма дорад гуфт, аъзои иттиҳодия зимни нахустин баррасии ғайрирасмӣ дар мавриди ҷанбаҳои асосии ин тарҳ ба тавофуқ расидаанд.

Шакли ниҳоии тарҳ дар ҳамоиши Иттиҳодияи Аврупо 19 ва 20 март пешниҳод хоҳад шуд. Аммо аллакай маълум аст, ки мушорикат узвият дар Иттиҳодияро дар бар нахоҳад гирифт. Ба шарикон эҳтимолан тиҷорати озод, рафтуомади бидуни раводид ва ҳамкории наздик дар соҳаи энерҷи пешниҳод хоҳад шуд, аммо бо шарте ки қонунҳояшонро ба қонунҳои иттиҳодия мувофиқ ва иқтисодҳояшон ислоҳот кунанд ва дар самти демократия пешравиҳо дошта бошанд.

Гуфта мешавад, ки Иттиҳодия аз соли 2010 то 2013 ба ҳамсояҳои шарқиаш 600 милион еврои иловагӣ сармоягузорӣ мекунад. Иттиҳодия ваъда дода буд, ки аз соли 2007 то 2013 ба ҳамсояҳои шарқӣ ва ҷанубиаш 11 миллиарду 200 ҳазор евро ҷудо мекунад. Аз се ду қисми ин маблағ барои кишварҳои ҷануб ва боқимондааш барои кишварҳои шарқӣ масраф хоҳад шуд ва ин шаҳодат медиҳад, ки Иттиҳодияи Аврупо бештар манфиатдори ҳамкорӣ бо ҳамсояҳои ҷанубиаш мебошад.

Чунин бархурд мояи ба вуқуъ омадани баҳсҳо миёни аъзои Иттиҳодия шудааст. На ҳама кишварҳои узви Иттиҳодия ба тиҷорати озод бо кишварҳои шарқӣ розианд, зеро онҳо аз сабқат дар соҳаи сабзавотпарварӣ дар ҳаросанд. Баъзеҳо ба зарурати боз кардани марзҳояшон шубҳа доранд ва намехоҳанд миёни онҳо ва ҳамсояҳои шарқӣ низомӣ рафтуомади бидуни раводид ҷорӣ шавад.

Дар мавриди шомилшудани Белорусия ба ибтикори нави иттиҳодия низ на ҳама чиз равшан шудааст. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех ба Минск ҳушдор дод, ки агар Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ба расмият шиносад, аъзогиаш дар Мушорикати шарқӣ метавонад лағв гардад.

Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз мавқеъи шадид кор гирифтааст. Бархе хавф доранд, ки агар Минск ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳро ба расмият бишносад, шояд Гурҷистон ҳам аз ширкат дар ин ибтикор худдорӣ намояд.
XS
SM
MD
LG