Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белорус дар тарҳи нав Иттиҳодияи Аврупо


Иттиҳодияи Аврупо Белорусро чун яке аз ширкатдорони тарҳи нави худ оид ба таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои собиқ шӯравӣ арзёбӣ мекунад. Дар ин бора дар санаде ишора шудааст, ки ахиран вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар як нишаст дар Брюсел қабул карданд. Дар тарҳи “Мушорикати шарқӣ”, ки густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодиро дар назар дорад, Украина, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова ширкат хоҳанд дошт.

Моҳҳои ахир муносибати Минск ва Иттиҳодияи Аврупо рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Ҳафтаи гузашта раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана аз Белорус дидан карда буд.

XS
SM
MD
LG