Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки Аврупо ба сиёсати нави ИМА дар Афғонистон


Ҳавиер Солана, раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо изҳор намуд, муҳимтарин кумаки Иттиҳодия ба сиёсати нави Амрико дар Афғонистон – мусоидат ба таҳкими нерӯҳои пулиси миллии афғон хоҳад буд. Зимни суханронӣ дар Брюссел Солана таъйид кард, Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди Афғонистон аз стратегияе кор хоҳад гирифт, ки бо ИМА ҳамоҳанг шудааст.

Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул ва марокизи вилоятҳо намояндагиҳо дорад ва дар онҳо 177 нафар кор мекунанд. Бештари кишварҳои аврупоӣ ҳамчунин низомиёни худро ба Афғонистон фиристодаанд, ки ба ҳайати нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният шомиланд.

XS
SM
MD
LG