Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин хостори истеъфои Саакашвилӣ шуданд


Як ҷунбиши нави мухолифин дар Гурҷистон хостори истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ шуд. Ин ҷунбиши мавсум ба “Роҳи Гурҷистон”-ро собиқ намояндаи доимии кишвар дар СММ Ираклий Аласания сарварӣ мекунад. Аласания дирӯз ба хабарнигорон гуфт:

“Чун Михаил Саакашвилӣ барои тасмими дуруст ва истеъфо иродаи сиёсӣ надорад, мо ба ӯ даҳ рӯз фурсат медиҳем то раъйдиҳӣ ташкил намояд ва ба мардум барои ҳалли масъалаи интихоботи қабл аз вақти раёсатиҷумҳур шонс диҳад. Баъди поён ёфтани ин мӯҳлат иттиҳодияи сиёсии мо тибқи манофеъи миллӣ ва манофеъи амниятии Гурҷистон амал хоҳад кард”.

Гуфга мешавад, ки ба ҷунбиши нав фақат бархе аз нерӯҳои мухолифи ҳукумат шомил шудаанд – ҳизбҳои кор ва консерватӣ ва ҷонибдорони собиқ раиси парлумон Нино Бурҷанадзе аз пайвастан ба иттиҳодияи нав худдорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG