Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Медведев ва Раҳмон бо ҳам музокирот мекунанд


Имрӯз сафари кории раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав шурӯъ мешавад. Як мақоми Кремл ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки дар мулоқоти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои тоҷикаш “вазъи феълӣ ва дурнамои равобити миёни Русияву Тоҷикистон баррасӣ ва гомҳои нав барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башарӣ мушаххас хоҳанд шуд”. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар музокирот мавзӯъи ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетикӣ авлавият хоҳад дошт. Манбаъ аз Кремл афзудааст, ки музокироти Маскаву Душанбе дар мавриди ҳамкорӣ дар дигар тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва ҳамчунин дар бахшҳои нафту газ ва маъданҳои кӯҳӣ идома дорад. Дар гуфтушуниди Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯъи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати корӣ низ аҳамияти вижа дода хоҳад шуд. Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин масоили ҳамкориҳои низомӣ ва шартҳои будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG