Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо раиси ҷумҳури Судон чӣ хоҳанд кард?


Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят, рӯзи чаҳоршанбе хоҳад гуфт, ки дастури боздошти Умар Ҳассан Ал-Башир – раиси ҷумҳури Судонро содир хоҳад кард ва ё на. Додситонҳои ин додгоҳи доимии байналмилалӣ моҳи июли соли гузашта Умар Ҳассан Ал-Баширро ба наслкушӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам карда ва хостори судури дастури боздошти ӯ шуданд. Раиси ҷумҳури Судон ин иддаъҳоро рад карда ва иттиҳомоти Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноятро бахше аз дасисаи кишварҳои ғарбӣ хондааст. Ин додгоҳ соли 2002 дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд таъсис шуд.
XS
SM
MD
LG