Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вилояти Нимрӯз шоҳиди хунрезӣ шуд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, як бомбгузори маргталаб имрӯз худро дар ҷанубуғарби Афғонистон мунфаҷир карда, як афсари пулисро кушт ва панҷ тани дигарро маҷрӯҳ кард. Ғулом Дастагир Озод - волии вилояти Нимрӯз гуфт, бомбгузор саъй кардааст, то ки ба қароргоҳи идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар шаҳри Заранҷ ворид шавад, аммо посбонон ӯро нагузоштаанд. Чанд дақиқа баъд, бомбгузори дигареро, ҳангоми наздик шуданаш ба ҳамин идора куштаанд. Дар вилояти Бодғис ҳамсоя бо Нимрӯз, мақомоти Афғонистон мегӯянд, баъди ҳамлаи ҷангҷӯёни Толиб ба маъмурони пулис дар шаби гузашта, ҳавопайҳомои НАТО дасти кам нӯҳ ҷангҷӯро кушта ва 15 тани дигарашонро маҳҷрӯҳ кардаанд.
XS
SM
MD
LG