Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Миллионер аз вайрона" сарватмандтар шуд


Филми бритониёии “Миллионери вайронанишин” ҳашт ҷоизаи мӯътабари Оскарро аз они худ кард, аз ҷумла ҷоизаи филми беҳтарин ва ҷоиза барои коргардони беҳтарин, ки насиби Деннӣ Бойл –коргардони бритониёӣ шуд. Ин филм достони фақри густурда дар Ҳиндустон ва сарнавишти як ҷавони фақири ҳиндист. Шон Пен - ҳунарманди маъруфи амрикоӣ барои ҳунарнамоӣ дар филми “Шир” ҷоизаи беҳтарин бозигарро аз они худ кард. Ҷоизаи беҳтарин нақши дуввумдараҷаи мардонаро ба Ҳез Ледҷер ҳунарманди ҷавонмарги устролиёӣ сазовор донистанд, ки он нақшро дар филми “Диловари Cияҳпӯш” иҷро кардааст. 353982396991}-->

Normal 0

Пенелопа Круз – бозигари зодаи Испониё, ҷоизаи беҳтарин бозигари нақши дуввумдараҷаи занонаро соҳиб шуд. Ҷоизаи Оскар барои беҳтарин филми хориҷиро ғайриинтизор ба филми “Азимат” офаридаи ҳунармандони ҷопонӣ супурданд.

XS
SM
MD
LG