Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осорхонаи тороҷшудаи Ироқро боз карданд


Осорхонаи миллии Ироқ, ки баъди ҳамлаи Амрико таллаву тороҷаш карданд, баъди шаш сол дари худро дигарбора ба рӯи мардум боз намуд. Ҳангоми суханронӣ зимни ифтитоҳи осорхона, Нурӣ Ал- Моликӣ - нахуствазири Ироқ аз бостоншиносон хост, то ба гуфтаи ӯ, дар табдил додани осорхона “ба Маккаи пажӯҳишгарон” кӯмак кунанд. Ҳангоми тороҷи осорхона дар моҳи апрели соли 2003 аз он дар маҷмӯъ 15 ҳазор ашёро рабуданд ва то кунун 4 ҳазор адади онро аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба Ироқ баргардонидаанд.
XS
SM
MD
LG