Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср мегӯяд, омилони таркишро дастгир кард


Пулиси Миср мегӯяд, дар робита ба бомбгузорӣ дар шаҳри Қоҳира, ки бар асари он як ноболиғи фаронсавӣ кушта ва бист тани дигар аксаран саёҳон маҷрӯҳ шуданд, се нафарро боздошт кардааст. Ин бомб рӯзи якшанбе ва дар як маҳалли таърихии Қоҳира мунфаҷир шуд. Ба иттилоъи хабаргузории давлатии Миср, маъмурони амниятӣ бомби дуввуми омода барои таркишро хунсо кардаанд. Аз соли 2006 то кунун ин бори аввал аст, ки Миср шоҳиди ҳамла ба саёҳони ғарбӣ мешавад. То кунун касе масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG