Пайвандҳои дастрасӣ

Куриёи Шимолӣ мусаллаҳтар мешавад


Куриёи Ҷанубӣ мегӯяд, ки ҳамсояааш Куриёи Шимолӣ чанде пеш навъи нави мушакҳои миёнапарвозро барои истифода омода кардааст. Вазорати дифоъи Куриёи Ҷанубӣ эълом кард, мушакҳо қодир ба парвоз дар масофаи 3000 километр буда ва метавонад, ҷазираи Гуами Амрико, дар шимоли Австралия ва бахши зиёди қаламрави Русия ва Ҳиндро ҳадаф бигиранд. Айни замон гузориш мешавад, ки Куриёи Шимолӣ барои озмоиши мушаки дурпарвози Таеподонг – 2 омода мешавад, ки бо ин мушак қодир аст, ҷазираи Аляскаро нишон бигирад. Бо он ки Куриёи Ҷанубӣ аз Куриёи Шимолӣ мехоҳад, ки ба аҳдаш вафо карда ва барномаҳои атомиашро канор гузорад, равобити ду кишвар тайи соли гузашта бадтар шудааст.
XS
SM
MD
LG