Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нахустин бозиашро дар Ҷоми президенти Туркманистон бо тими «Ганҷасар»-и Арманистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Понздаҳумин давраи ин мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Ишқобод бо ширкати 8 даста дар 2 гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаи «Парвоз» дар гурӯҳи «В» 23-юми феврал бо «Ишқобод»-и Туркманистон ва 25-уми феврал бо дастаи мунтахаби ҷавонони Баҳрайн бозӣ хоҳад кард. Дар ин гурӯҳ дастаи «Ишқобод», ки дар бозии даври аввал бар тими ҷавонони Баҳрайн бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, бо 3 имтиёз дар ҷои аввал аст. «Ганҷасар» ва «Парвоз» якимтиёзӣ доранд. Баҳрайн бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифтааст.

Дар сабқати гурӯҳи «В» МТТУ-и Туркманистон, ки бар «Ҳиммат»-и Эрон бо ҳисоби 4:0 ва «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, бо 6 имтиёз пешсаф мебошад.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ, ки 27-уми феврал барпо мешавад, роҳ меёбанд. Барандаи Ҷоми президенти Туркманистон 28-уми феврал муайян хоҳад шуд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб соҳиби Ҷоми президенти Туркманистон ва 20 ҳазор доллар мешавад. Ба дастае, ки ҷои дуввумро мегирад, 10 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки севум мешавад, бо 5 ҳазор доллар сарфароз мегардад.

Воқеъан, дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров соли 2005 бо ҷоизаи севум мукофотонида шуда буд, ки ин то ҳоло беҳтарин дастоварди футболбозони тоҷик дар Ҷоми президенти Туркманистон мебошад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG