Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Куала -Лумпур, пойтахти Малайзия, қуръакашии сабқати интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд.

42 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 7 гурӯҳ тақсим шуданд. Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи А бо тимҳои Урдун, Яман, Непал (мизбони сабқат), Фаластин ва Қирғизистон рақобат хоҳад кард.

Инчунин қуръакашии сабқати интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни наврасони то 16-сола доир гардид.
45 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 8 гурӯҳ тақсим шуданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи В бо тимҳои Эрон, Баҳрайн, Лубнон, Непал ва Ҷазоири Молдив рақобат хоҳад кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG