Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 23-юми феврал, дар Тоҷикистон солгарди таъсиси артиши миллӣ таҷлил мешавад.

Ба иттилоъи вазорати дифоъ, дар робита ба ин ҷашнвора имрӯз дар ҷузъу томҳои артиши миллӣ дар манотиқи гуногуни кишвар чорабиниҳои идона баргузор хоҳад шуд.

Замони таъсиси артиши миллии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993, яъне пас аз якуним соли эълони истиқлолияти ҷумҳурӣ, маҳсуб мешавад. Дар он сол, ки дар Тоҷикистон даргириҳои шадиди дохилӣ идома дошт, ҳукумати нав таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон артиши миллиро дар заминаи нерӯҳои «Фронти халқӣ» созмон дод.

Ҳамзамон бо 16-солагии артиши миллӣ бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки артиши Тоҷикистон то кунун дар ҳоли ташаккулёбист. Имрӯзҳо ҳам масъалаи камбуди ғизо ва вазъи нокофии саломатии сарбозон аз мушкилоти асосии артиш гуфта мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG