Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон сомонаҳои пуштибон аз Хотамиро мебандад


Мақомоти Эрон таъйид карданд, ки дастрасӣ ба ду сомонаи интернетии пуштибон аз Муҳаммад Хотамӣ, номзад ба мақоми раисиҷумҳурро маҳдуд сохтаанд. Дар изҳороти кумитаи давлатии назорат аз болои расонаҳои эпектронӣ гуфта шудааст, ин ду сомона ба таври зарурӣ сабти ном нашуда буданд ва мӯҳтавои бархе аз матолиби онҳо "ба якпорчагии миллат латма мезанад".

Муҳаммад Хотамӣ аз соли 1997 то соли 2005 раёсати ҷумҳурии Эронро дар дӯш дошт ва ахиран эълон кард, ки дар интихоботи президентии рӯзи 12 июни соли равон ширкат мекунад. Гуфта мешавад, ки ӯ дар ин интихобот рақиби аслии раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG