Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Оскар" насиби киҳо хоҳад шуд?


Имрӯз дар Ҳоливуд маросими супурдани ҷоизаҳои "Оскар" – бонуфузтарин ҷоизаҳои олами синамо баргузор хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки филми “Саргузашти пурасрори Бенҷамин Баттон” аз ҳама бештар, яъне дар 13 бахш барои дарёфти ин ҷоиза пешбарӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, бисёриҳо ҳадс мезананд, ки шояд бештари муҷассамачаҳои тиллоии “Оскар” –ро филми “Миллионер аз харобот” соҳиб шавад. Ин филм аллакай ба чанд ҷоизаи бонуфуз, аз ҷумла, “Глобуси тиллоӣ” мушарраф шудааст.

Барои ҷоизаи “Оскар” ҳамчунин филмҳои “Шир”, “Фрос алайҳи Никсон” ва «Мутолиагар” талош хоҳанд кард. Ҳунармандони маъруфи Ҳолливуд – Фрэнк Лангела, Шон Пен, Бред Пит, Микки Рурк, Кейт Уинслет, Анҷелина Ҷолӣ - аз довталабонии аслии ҷоиза барои иҷрои нақшҳои асосӣ маҳсуб мешаванд.

XS
SM
MD
LG