Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кадима" ва "Ликуд" музокиротро идома медиҳанд


Ду ҳизби сиёсии Исроил – ҳизби марказгарои "Кадима" ва ҳизби ростгарои "Ликуд" дар бораи идомаи музокирот ба хотири таъсиси эътилофи ҳукмрон ба созиш расиданд. Раҳбари "Кадима", вазири умури хориҷаи Исроил Сипи Ливнӣ иқрор кард, ки айни ҳол миёни ду ҳизб ихтилофи назари ҷиддӣ мавҷуд аст. Рӯзи якшанбе хонум Ливнӣ бо раҳбари "Ликуд" Бинямин Нетаняҳу мулоқот кард. Раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес баъд аз интихоботи ахири парлумонӣ аз Нетаряҳу хостааст, ки ҳукумати навро таъсис кунад.

XS
SM
MD
LG