Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи кишварҳои Аврупо роҷеъ ба рафъи бӯҳрони молӣ


Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамоиши худ дар Берлини Олмон ба тавофуқ расиданд, ки бояд бозорҳои молӣ танзим шаванд. Хонум Ангела Меркел-нахуствазири Олмон, ки мизбони ин ҳамоиш буд, изҳор дошт, ки раҳбарони Аврупо ба таври қатъӣ барои бозгардонидани бозорҳои молӣ ба ҳолати маъмулӣ ба тавофуқ расидаанд. Гордон Браун-нахуствазири Бритониё гуфт, ширкаткунандагони ҳамоиш ҳамчунин ризоят додаанд, ки дар Сандуқи Байналмиллалии Пул саҳмиҳои ин кишварҳо афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG