Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти нав бар зидди Ал Қоъида дар Ниневеи Ироқ


Нируҳои Амрико ва Ироқ дар вилояти Ниневеҳ, воқеъ дар шимоли Ироқ барои берун рондани шӯришиёни Ал Қоъида аз ин вилоят ба амлиёте шурӯъ кардаанд. Низомиёни Ироқ мегӯянд, рӯзи ҷумъа нируҳои маҳаллӣ дар амалиёти ҷустуҷӯ 84 нафар афроди машкукро боздошт кардаанд. Низомиёни Амрико мегӯянд, ин амалиёт, ки зери номи "Умеди Нав" анҷом мегирад, ба мақомоти маҳаллӣ имкон медиҳад, ки онҳо тарҳҳои бозсозиро роҳандозӣ кунанд ва хадамоти раҳоишӣ ба аҳолии Мосул пешкаш шавад.

XS
SM
MD
LG