Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон корхонаи ҳастаии Бушеҳрро имтиҳон мекунад


Эрон мегӯяд, ба нақша гирифтааст, ки корхонаи ҳастаии Бушеҳрро таи маросиме ҳамин ҳафта имтиҳон кунад. Матбуъоти имрӯзи Эрон навиштаанд, қабл аз имтиҳони ниҳоии корхона ин тадбири хеле муҳим ба шумор меравад. Дар ҷараёни ин кор коршиносон бо компютерҳо фаъолияти ҳамаи дастгоҳҳои тавлиди нируро озмоиш мекунанд. Санаи ба кор андохтани ин корхона таъйин нашудааст, корхонае, ки бо кӯмаки Русия сохта мешавад ва оғози фаъолияти он ба таъхир афтодааст. Сергей Кириенко-раиси ширкати ҳастаии давлатии Русия мегӯяд, оғози фаъолияти реактори аввали ин корхона барои охири соли ҷорӣ дар назар гирифта шудааст. Кишварҳои ғарбӣ шак доранд, ки Эрон дар садади дастёбӣ ба бами ҳастаӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG