Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи осори аккосии "Қирғизҳои Помир" дар Бишкек


Ба ибтикори Кумитаи муҳоҷират ва шуғли аҳолии Қирғизистон дар музеи осори фарҳангии шаҳри Бишкек зери унвони "Қирғизҳои Помир" намоишгоҳи осори аккосӣ гушоиш ёфтааст. Осори аккосии ин намоишгоҳ Афғонистону Тоҷикистонро дар бар мегирад ва аслан аз ҳаёти аҳолии қирғизтабори ин ду кишвар ҳикоят мекунанд. Ин аксҳоро ҳайати Қирғизистон дар ҷараёни боздидаш аз маҳаллоти қирғизнишини ин ду кишвар бардоштааст ва намоиши аксҳо ду ҳафта давом мекунад. Ҳайат барои кӯмак ба қирғизҳои Тоҷикистону Афғонистон аз ин ду кишвар боздидкардааст.
XS
SM
MD
LG