Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши ИА барои баррасии бӯҳрони молӣ


Президенти Фаронса, Николас Саркозӣ ва сарвазири Олмон, Ангела Меркел.
Президенти Фаронса, Николас Саркозӣ ва сарвазири Олмон, Ангела Меркел.

22 феврал бузургтарин кишварҳои иқтисодии Аврупо дар Берлин бо ҳам мулоқот мекунанд, то дар мубориза бо буёӯҳрони иқтисодӣ ҳамоҳанг шаванд.

Баъд аз он, ки ҳафтаи гузашта осебпазир будани баъзе бонкҳо ва ба бӯҳрон рӯ ба рӯ шудани онҳо на танҳо дар Амрико, балки дар Аврупои Ғарбӣ ва Аврупои Марказӣ низ ошкор шуд, ин масъала то андозае ба худ ҳолати изтирорӣ гирифт.

Дар ин ҳамоиш раҳбарони Олмону Итолиё, Бритониёву Фаронса ва Ҳуланду Испониё ширкат доранд. Дар ҳамоиш инчунин раҳбари Ҷумҳурии Чех ба унвони раиси давраии Иттиҳодияи Аврупо ва Луксембург, ки маркази муҳимми бонкии Аврупо ба шумор меравад, ҳузур доранд. Дар асл мулоқоти имрӯз бахши омодагии ИА ба мулоқоти 20 кишвари муҳими санъатии ҷаҳон ё G-20 дониста мешавад, мулоқоте ки қарор аст 2-вуми апрел дар Лондон баргузор шавад. Дар мулоқоти кунунӣ раҳбарони кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд мавзеъгирии яксони худро дар баробари ҳамтоёни амрикоӣ ва осиёии худ барои ҳалли буҳрон ҳамоҳанг кунанд. Вале ин нукта низ дар мадди назари ширкаткунандагони ҳамоиши Берлин аст, ки ҳафтаи гузашта таҳдиди хатар ба баъзе бонкҳои бузурги аврупоӣ ошкор шуд ва масъалаи буҳрони молӣ дар Аврупо ба масъалаи ҷиддитар табдил ёфт.

Ин дафъа чунин хатар аз Аврупои Шарқӣ аз худ дарак дод. Дар ин минтақа дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бонкҳо аз тоҷирону истеъмолкунандагон дар давоми тақрибан 15 сол 1,5 триллион доллар қарз гирифтаанд. Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ мисли Аврупои Ғарбӣ аз буҳрон то андозае зарар дидаанд, ки дар сурати баргардонида натавонистани қарзҳояшон бонкҳои Утришу Суед, Юнону Итолиё ва Белгия заъиф хоҳанд шуд.

Чунин вазъ буҳрони сартосарии молиро амиқтар мекунад. Бо назардошти масоили мавҷуда, Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад барои рафъи буҳрон тадобири ҳамоҳанг пешниҳод кунад, вале ҳамзамон кишварҳои узв бояд ҳар яке дар қаламрави худ тадобири мустақилона рӯи даст бигиранд, то иқтисоди худро аз густариши буҳрон нигаҳ дорад ва дар бонкҳои худ бештар пули нақд захира кунанд.

Кумисиюни Аврупо то ҳол дар ин замина аз нақшаҳои пешниҳодкардаи Фаронсаву Итолиё ва Испониё интиқод кардааст ва нақшаҳои онҳоро муҳофизакорона хондааст. Кумисиюн гуфтааст, ин кишварҳо танҳо бо назардошти вазъи худ нақшаи раҳоӣ аз буҳронро таҳия кардаанд.
XS
SM
MD
LG