Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон як корманди ҳукуматиро дар Свот рабуданд


Бино ба гузоришҳои расида аз Покистон, шӯришиёни толиб дар водии Свот, воқеъ дар шимоли ғарби ин кишвар Хушҳол Хон-як корманди боломақоми ҳукумати Покистон ва шаш нафар аз муҳофизони вайро рабудаанд. Хабаргузории Ройтерз гузориш додааст, Хушҳол Хон ҳангоме рабуда шудааст, ки савори мошини худ дар роҳ ба сӯи шаҳраки Мингора-маркази аслии водии Свот будааст. Муслим Хон-сухангӯи Толибон дар водии Свот мегӯяд, Тлибон масъулияти ин одамрубоиро бар ӯҳда гирифтаанд. Ба гуфтаи вай, Толибон мехоҳанд баъзе масъалаҳоро бо Хушҳол Хон баррасӣ кунанд. Вай ба Ройтерз чунин гуфтааст: "Мо ба вай чой медиҳем ва сипас раҳояш мекунем". 16-ӯми феврал Толибон ва ҳукумати Покистон дар водии Свот ба оташбаси доимӣ ризоят доданд ва ҳоло ҷонибҳо шартҳои ин оташбасро барррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG