Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 шӯришӣ дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар даргириҳое дар атрофи шаҳри Қандаҳор, дастикам, 6 шӯришии толиб кушта шудаанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли Абдуллохон-муовини раиси пулиси вилояти Қандаҳор навиштааст, даргириҳо шоми шанбе замоне оғоз шудааст, ки шӯришиён ба посгоҳи пулис ҳамла бурдаанд ва ду афсари пулисро захмӣ кардаанд. Даргириҳо то рӯзи якшанбе идома доштааст. Дар Ҳилманд, вилояти дигари Афғонистон рӯзи шанбе дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ ба як автобус 8 нафар шӯришии толиб ба қатл расидаанд. Дар ин бора Довуд Аҳмадӣ-сухангӯи волии вилояти Ҳилманд хабар додааст. Дар ҳамин ҳол, низомиёни Амрико мустақар дар Афғонистон таъйид кардаанд, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Ҳирот дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии онҳо 13 нафар аз аҳолии маҳаллӣ кушта шудаанд ва танҳо 3 нафар шӯришӣ ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG