Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Австралия рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст


Имрӯз дар Австралия рӯзи мотам эълон шудааст. Мардуми ин кишвар хотираи қурбониёни оташсӯзиҳои ахирро гиромӣ медоранд. Дар аввали моҳи ҷорӣ дар ин оташсӯзиҳо бештар аз 200 нафар қурбон шуданд. Кевин Руд-нахуствазири Австралия дар як маросиме, ки аз тариқи телвизюн мустақим пахш шуд, изҳор дошт, ки "шанбеи сиёҳ"-и 7-ӯми феврал иродаи мардумро имтиҳон кард ва онҳо дар посух ба он аз худ ҷасорату мардонагӣ ва таҳаммул нишон доданд. Нахуствазир ба бозмондагони ин ҳодиса қавл дод, ки тамоми кишвар дар чаҳорчӯбаи барномаҳои бозсозӣ ба таври ҳамаҷониба ба онҳо кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG