Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чин 73 маъдангар дар кони ангишт кушта шуданд


Бино ба гузоришҳои матбуъоти Чин, дар натиҷаи инфиҷоре дар як кони ангишт дар шимоли ин кишвар, дастикам, 73 маъдангар кушта, бештар аз 100 нафар маҷруҳ шудаанд. Гузориш мешавад, ки даҳҳо нафари дигар дар дохили кон дар зери замин боқӣ мондаанд. Субҳи имрӯз дар кони Тунлани шаҳри Гуҷиао воқеъ дар вилояти Шанксӣ инфиҷор рух дод. Бино ба гузориши телвизюни давлатии Чин, кормандони наҷот дар маҳали ҳодиса қарор доранд, вале дар дохили кон оташ фурӯзон аст ва ба амалиёти наҷот халал мерасонад. Соли гузашта дар чунин инфиҷорҳо дар саноеъи маъдани Чин 3 200 нафар кушта шуданд, ки дар ҷаҳон назир надорад.

XS
SM
MD
LG